Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: Комӣ барои таҳқиқи нақши Русия барканор шуд


Матбуоти амрикоӣ рӯзи 10 май хабар дод, ки раҳбари Бюрои федеролии таҳқиқот (FBI) Ҷеймс Комӣ мехост домани тафтишҳои оҷонсии зертобеашро дар робита бо нақши Русия дар маъракаи интихоботи президентии Доналд Трамп тавсеа бахшад. Вале бо як қарори президент чанд рӯз пеш аз шурӯи ин кор Комӣ аз мақомаш барканор шуд. Кохи Сафед пофишорӣ дорад, ки Комӣ барои “иштибоҳҳо” ва на бо сабабҳо марбут ба таҳқиқоти Русия аз кор барканор шуд. Худи Доналд Трамп ин ҳарфҳоро “як дурӯғ” номид.

Вале рӯзи 10 май конгрессменҳои демократ иттиҳомоти худро бештар карда гуфтанд, ки барканории Комӣ бо ҳадафи ба ҳам задани таҳқиқ анҷом шуд ва талош доранд тавассути Конгресс як комиссиюни мустақилро таъсис бидиҳанд, ки ин иттиҳомотро тафтиш кунад. Дар ҳоле, ки сиёсатмадорон аз ҳарду тараф дар ин масъала баҳс мекунанд, эътирозгарон дар Вашингтон, Чикаго ва дигар шаҳрҳо таҳқиқи мустақилонаи ин иттиҳомот аз ҷониби додситонҳоро тақозо кардаанд. Матбуоти ИМА гузориш дод, ки Комӣ аз вазорати адлия дархост карда буд, ки барои анҷоми як таҳқиқоти ҳамаҷониба дар масъалаи нақши эҳтимолии Русия пули бештар бидиҳад, то мутахассисони бештарро барои анҷоми ин кор ҷалб кунад.

Чанде баъд худи Комӣ ҳам қонунгузоронро дар бораи ин нияташ хабардор кард. Сенатор Дик Дурбин гуфт, ки бо боварии комил гуфта наметавонад, ки воқеан ҳам дархости Комӣ барои пулу коргари бештар боиси аз кор барканор шудани вай шудааст, вале мусаллам аст, ки ин барканорӣ суръати таҳқиқоти FBI-ро коҳиш медиҳад. Вазорати адлия ва Кохи Сафед рӯзи 10 май ин ҳама иттиҳомотро рад карданд.

XS
SM
MD
LG