Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти модари Ҷаҳонгир Қурбонов аз ҳукми лейтенант


Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе охири моҳи март Ёрибек Саидовро ба нуҳ соли зиндон маҳкум карда буд
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе охири моҳи март Ёрибек Саидовро ба нуҳ соли зиндон маҳкум карда буд

Рухсора Ҷӯрахонова, модари сарбози ҳалокшудаи тоҷик Ҷаҳонгир Қурбонов, аз болои ҳукми додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят кардааст. Ин масъала рӯзи 11 май баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳукми Ёрибек Саидов, лейтенанти қисми ҳарбии 2747 дар Душанбе, охири моҳи марти имсол эълон ва ӯ барои 9 сол равонаи зиндон гардид. Наздикони Ҷаҳонгир Қурбонов ин ҳукмро нокофӣ хонда ва гуфтанд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон бояд қазияро ҷиддан баррасӣ кунад. Рухсора Ҷӯрахонова ҳам мегӯяд, лейтенант Саидов бар асоси моддаи "баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ" муҷрим шинохта шуда, вале моддаи "шиканҷа" аз парвандаи ӯ бардошта шудааст.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ Ёрибек Саидовро барои "тамаъҷӯӣ" ва "вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон" низ муттаҳам дониста ва барояш 14 соли зиндон хоста буд. Айбдоркунандаи давлатӣ гуфта буд, рӯзи 9 сентябри соли 2016 ҳангоми навбатдории Ҷаҳонгир Қурбонов ва ҳамхизматаш Меҳроҷиддин Беҳзод дар қисми низомии 2747-и шаҳри Душанбе як гармкунаки барқӣ - “радиатор” гум мешавад. Дар пайи ин, Ёрибек Саидов, лейтенанти ин қисми низомӣ сарбозонро дашном медиҳад ва дар пайи фишори Саидов рӯзи 11 сентябри соли 2016 гӯё Ҷаҳонгир Қурбонов худро дар дохили анбори ҳезуми қисми ҳарбӣ ба дор меовезад.

Вале волидони Ҷаҳонгир Қурбонов мегӯяд, онҳо бо ҳукми инки писарашон худкушӣ кардааст, розӣ нестанд. Онҳо иддао мекунанд, ки фарзандашон “кушта шудааст”. Ҷӯрабек Қурбонов, падари Ҷаҳонгир Қурбонов, қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “дастҳояш харошида ва дар либосҳояш хасу алаф буд. Дар дор кашол буданашро ягон инсон надидааст ва ягон кас ба навор ҳам нагирифтааст.”

Дар Тоҷикистон бадрафторӣ бо сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ як мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Аз соли 2014 ба ин сӯ созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ҳадди ақал 8 ҳодисаи марги сарбозон дар артишро сабт кардааст.

XS
SM
MD
LG