Пайвандҳои дастрасӣ

Танқиди Иттиҳоди Аврупо аз ИМА барои коҳиши ҳақи узвият дар СММ


Федерика Могеринӣ - раҳбари бахши сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо

Иттиҳоди Аврупо Ийолоти Муттаҳидаро барои шадидан коҳиш додани ҳақи узвият дар Созмони Милали Муттаҳид танқид кард.

Намояндаи аршади Иттиҳоди Аврупо дар умури сиёсати хориҷӣ Федерика Могеринӣ гуфт, ки аҳамияти ҳалли молии мушкилоти глобалӣ, камтар аз ширкат дар ҳалли низомии мушкилот нест.

Ийолоти Муттаҳида ҳақи узвияташро дар Созмони Милали Муттаҳид то 640 миллиард доллар коҳиш дод ва буҷаи низомияшро 15 миллиард доллар бештар кард.

Могеринӣ зимни суханронӣ дар Шӯрои Амнияти СММ гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо ними буҷаи муассисаҳои чун Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Барномаи умумиҷаҳонии озуқа, бунёди атфоли СММ-ро довталабона пардохт мекунад, зеро нақши онҳоро дар таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳон муҳим мешуморад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG