Президенти ИМА Доналд Трамп нақшаи интиқоли бевоситаи силоҳро ба гуруҳҳои курд, ки зидди гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" дар Сурия меҷанганд, тасдиқ кард. Ин хабарро дар Вашингтон расман эълом карданд.
Тавре The Wall Street Journal рӯзи сешанбе навишт, акнун имкониятҳо барои ҳамла ба тундравоне, ки дар шаҳри Раққаи Сурия паноҳ бурдаанд, фароҳам хоҳад шуд. Вале ин тасмими Вашингтонро ҳампаймони ИМА -- Туркия, ки шӯришгарони курдро террорист меномад, хуб қабул нахоҳад кард.
Баррасии масъалаи интиқоли силоҳ ба гуруҳҳои курд чанд моҳ идома дошт. Ба иттилои The Wall Street Journal, низомиёни Амрико созмони низомии курди маъруф ба "Дастаҳои мусаллаҳи мардумӣ"-ро ҳампаймони боэътимодтари низомии ИМА дар Сурия мешуморанд.