Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқадорон ба Иди Ғалаба нарафтанд, ё роҳ наёфтанд? САДО


Тақрибан даҳ собиқадори ҷангу меҳнат ба ҷашни рӯзи 9 май дар "Боғи Ғалаба"-и шаҳри Душанбе роҳ наёфтаанд. Ғайбулло Каримов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати пойтахт, гуфт, ки ин кор бо дархости худи онҳо сурат гирифтааст. Вай рӯзи 9 май ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин гурӯҳи собиқадорон дар зери офтоб тоқат карда наметавонистанд. Аз ин сабаб худашон гуфтанд, ки мо ҳеҷ қудрат надорем ба боло бароем. Тамом, сабабаш ҳамин аст."

Ғайбулло Каримов: Худи собиқадорон гуфтанд, ки дар зери офтоб истода наметавонанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:35 0:00
Линки мустақим

Аммо собиқадори ҷангу меҳнат Леокадия Ковтун ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, ки онҳо тақрибан 12 нафар буданд. Вай афзудааст, бо вуҷуди онки даъватномаи расмӣ доштанду соати ҳашти субҳ дар назди “Боғи Ғалаба” ҷамъ шуда буданд, вале бо сабабҳои номаълум ба дарун роҳ наёфтанд.

“Моро дар ошхонаи назди “Боғи Ғалаба” дар сари як миз шинонда ва гуфтанд, ки мунтазир бошед. Аммо вақте пурсидем, ки кай бояд ба тантанаҳо равем, гуфтанд, ки аллакай маърака анҷом шуд. Ҳамин тавр, моро табрик карданд”, - таъкид кардааст ӯ.

Ғайбулло Каримов гуфт, ин кор бо хоҳиши худи собиқадорон сурат гирифт ва барои ҳамин касе ҳам расман шикоят накардааст. "3-4 нафар буданд, ки натавонистанд ба боло бароянд. Аз ин “сенсатсия” сохтан даркор нест, ҳамааш хуб аст, шукри Худо", - афзуд Каримов.

Ҷашни Иди Ғалаба рӯзи 9 май дар Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон бо гашти низомӣ ва гиромидошти хотираи қурбониёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ баргузор шуд. Дар ин маросим дар Душанбе раиси ҷумҳур, мақомоти баландпояи ҳукуматӣ ва сафирони кишварҳои хориҷӣ иштирок карданд.

Қаблан мақомот гуфтанд, ки дар ин рӯз баргузории “Полки абадӣ” иҷозат нашудааст, аммо субҳи 9 май то панҷсад нафар бо гирифтани акси падару бобоёни худ аз маҳаллаи маъруф ба “Танка”-и пойтахт то “Боғи Ғалаба” рафта, маъракаи “Полки абадӣ”-ро баргузор намуданд.

Тафсилоти бештарро дар инҷо бихонед

XS
SM
MD
LG