Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон: Таърихи башар чунин корнамоиву ҷонбозиҳоро ёд надорад. ВИДЕО


72-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввумро дар Тоҷикистон бо баргузориии парад ё гашти низомӣ таҷлил карданд. Ба ин муносибат субҳи сешанбеи 9-уми май, маросими гулгузорӣ бар пояи «Оташи абадӣ», ки дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе воқеъ аст, бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин маросим мақомоти баландпояи Тоҷикистон, намояндагони сафорату созмонҳои муқими Душанбе, кӯҳнасарбозони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум, афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ, вазорати дифоъ, нерӯҳои марзбонии КДАМ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, сарбозон

Президент инчунин аз тавони артиши Тоҷикистон дар ҳимояи марзу буми кишвар, "ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ ва таъмини зиндагии орому осоиштаи мардум" ситоиш кард

ва десантҳои Пойгоҳи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон, сокинони шаҳри Душанбе низ ширкат доштанд ва бо дақиқае хомӯшӣ хотири қурбониёни ин ҷангро гиромӣ доштанд. Чаҳор ҳавопаймои ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ин паради низомӣ ширкат доштанд ва бар фарози Душанбе чарх заданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин маросим Ҷашни Ғалабаро барои тамоми миллатҳои, аз ҷумла мардуми тоҷик санаи "воқеан муҳим ва фаромӯшнашаванда" хонд, зеро ба таъбири ӯ, "таърихи башар чунин корнамоиву ҷонбозиҳои оммавии халқҳоро, ки дар давраи Ҷанги Ҷаҳонии Дувум нишон дода буданд, ёд надорад."

Ҳамчунин раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори дигар ба муносибатҳои дӯстона, ҳамкории миёни кишварҳо ва таъмини суботу амният дар ҷаҳон таъкид кард ва ҳамзамон афзуд, ки "бо гузашти солҳо ва ба вижа дар шароити торафт вусъат гирифтани нооромиву бесуботӣ дар минтақаву кишварҳои мухталифи сайёра, арзишу аҳаммияти он дар байни мардуми олам боло меравад."

Ба гуфтаи оқои Раҳмон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба бар фашизм ҷаҳониёнро бори дигар водор месозад, ки барои ҳамгироӣ талош намоянд, "зеро вазъи сайёра имрӯз нисбат ба ҳар вақти дигар ниҳоят печидаву мураккаб гардидааст". Вай гуфт, дар замони муосир тарғиби сулҳу субот ва дӯстиву ҳамкорӣ ба хотири мубориза бо "хатарҳои муосир, аз қабили экстремизму терроризм, миллатгароиву нажодпарастӣ" ва ҳам тарбияи рӯҳияи ватанхоҳии хизматчиёни ҳарбии кишвар муҳим мебошад.

Президент инчунин аз тавони артиши Тоҷикистон дар ҳимояи марзу буми кишвар, "ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ ва таъмини зиндагии орому осоиштаи мардум" ситоиш кард. Дар поёни суханрониаш Раҳмон дар муроҷиат ба раҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид кард, ки дар шароити "мураккаби ҷаҳони муосир" бояд ба таҳкими қонунияту тартибот, баланд бардоштани сатҳи касбият, омодагии ҷангии ҷузъу томҳои низомӣ ва ҳушёриву зиракии сиёсии ҳар як хизматчии ҳарбӣ таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир кунанд.

Солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон наздики 300 ҳазор ваё панҷяки аҳолии ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон дар ҷанг иштирок карда, аз миёни онҳо 92 ҳазор нафарашон дар майдони ҳарб кушта шуданд. 54 зодаи Тоҷикистон дар ин набардҳо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ даст ёфтанд. Бино ба маълумоти Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати Тоҷикистон, феълан дар кишвар 448 собиқадори Ҷанги Ҷаҳони Дувум дар қайди ҳаёт буда бузургсолтарини онҳо Додарҷон Умарови 117-сола ва “ҷавонтарин” Леокадия Ковтуни 90-сола мебошанд.

Зимнан, дар арафаи Ҷашни Ғалаба давлати Тоҷикистон ба собиқадорони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва хонаводаи онҳо ба миқдори 3000 сомонӣ ё ҳудуди 350 доллар кумаки яквақтаи молӣ кардааст. Ҳамчунин, собиқадорону хонаводаи онҳо аз бархе аз имтиёзҳо, назири озод будани аз пардохти андози манзил ва табобату истироҳати ройгон дар осоишгоҳҳо бархурдор ҳастанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG