Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Лоиқҷонро дар Ҷилликӯл ёфтанд


Лоиқҷон Абдуев - кӯдаке, ки ним моҳ боз ҷустуҷӯ мешуд
Лоиқҷон Абдуев - кӯдаке, ки ним моҳ боз ҷустуҷӯ мешуд

Ҷасади Лоиқҷон Абдуеви сесоларо, ки рӯзи 24 апрел аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нопадид шуда буд, аз канори рӯди Вахш дар ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ) пайдо карданд. Наздикони Лоиқҷон Абдуев аз деҳаи Наврӯзи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ӯ ҳангоми бозӣ дар назди хонаашон аз назар нопадид шуд ва бо ҳамин дигар ӯро надиданд.

Хуршед Ҳабибов, падарбузурги Лоиқҷон, рӯзи 9 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сокинони маҳаллӣ рӯзи 6 май ба онҳо хабар доданд, ки ҷасади як кӯдак дар Ҷилликӯл, дар канори рӯди Вахш пайдо шудааст. "Вақте рафтем, шинохтем, ки ӯ Лоиқҷон аст. Дар насиб чунин будааст. Дар деҳаи мо оби калон нест, вале вақти гум шудани Лоиқҷон обҳои каналҳои деҳа тезоб буданд. Пештар кафшҳояшро аз лаби як ҷуйбор ёфта будем", - гуфт ӯ.

Пайвандони Лоиқҷон қаблан аз корбарони Радиои Озодӣ хоста буданд, дар пайдо кардани тифл ёрӣ расонанд,

Ҳалокати кӯдакон дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон ҳамасола рух медиҳад. Мақомот мегӯянд, ки бисёри кӯдакон аз бепарвоии бузургсолон ғарқ ва ҳалок мешаванд.

XS
SM
MD
LG