Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: "Ба ғайр аз Маккаву Мадина ҳеҷ ҷойи Саудӣ солим намемонад" САДО


Вазири дифои Эрон ба Саудӣ ҳушдор дод, ки нисбат ба Эрон "ҳаракати ноҷо" накунад.
Вазири дифои Эрон ба Саудӣ ҳушдор дод, ки нисбат ба Эрон "ҳаракати ноҷо" накунад.

Вазири дифои Эрон гуфт, агар Арабистони Саудӣ нисбат ба Эрон ягон "ҳаракати ноҷо” кунад, ба ғайр аз Маккаву Мадина ягон гӯшаи қаламраваш солим намемонад.

Ҳуссейн Деҳқон дар ин бора рӯзи 7-уми май ва баъди он сӯҳбат кард, ки Муҳаммад Бин Салмон, вазири дифо ва шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Эронро ба талош барои пешвоӣ дар ҷаҳони ислом муттаҳам кард ва гуфт, дар сурати ҳар ҷанг на Арабистони Саудӣ, балки “Эрон майдони набард” хоҳад буд.

Теҳрон ин баёнияро “ғайриқонунӣ ва фитнабарангез” номид ва баъд аз ин хабаргузории нимарасмии “Тасним” навишт, ки Ҳуссейн Деҳқон ба телевизиони арабизабони Ал-Манор гуфтааст, ки “агар Саудиҳо ягон ҳаракати ноҷо кунанд, ҳеҷ як гӯшаи он кишвар ба истиснои Маккаву Мадина солим намемонад.”

Шоҳзода Бин Салмон
Шоҳзода Бин Салмон

Шоҳзода Муҳаммад бин Салмон рӯзи 2-уми май гуфт, ки ҳаргуна “набард” барои нуфуз байни Арабистони Саудии суннӣ ва Эрони шиамазҳаб дар дохили Арабистони Саудӣ нахоҳад буд.

“Мо медонем, ки ҳадафи режими Эрон расидан ба меҳвари аслии мусулмонон (Макка) аст, вале мо мунтазир намемонем, ки набард дар дохили Арабистони Саудӣ бишавад. Мо мекӯшем, ки набард дар тарафи онҳо, дар дохили Эрон ва на дар Арабистони Саудӣ бошад.” Вазири дифои Арабистони Саудӣ ҳамчунин ҳаргуна муколама бо Эронро рад кард.

Мо мекӯшем, ки набард дар тарафи онҳо, дар дохили Эрон ва на дар Арабистони Саудӣ бошад.

Вокуниши Эрон ба ин масъала аввал омехта буд. Мақомот аввал бо хашм сӯҳбат карданд ва сипас гуфтанд, ки омодаи муколама барои ҳалли масоили минтақавӣ ҳастанд.

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон, рӯзи 3-уми май гуфт, “ин гуфтаҳо далели он аст, ки Арабистони Саудӣ ҳомии терроризм буда, дар пайи сиёсатҳои ҷангҷӯёна ва вайронгар дар минтақа ва нисбат ба Эрон аст.”

Дар ҳоле, ки Шоҳзода Салмон ҳукумати Эронро танқид кард, Баҳром Қосимӣ гуфт, ки маҳз ба хотири идеологияи суннимазҳаби ваҳҳобӣ дар Арабистони Саудӣ ҷангиёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ва "Ал-қоида" ҳаводори он ҳастанд ва ба оташи ҷангҳо дар Сурияву Ироқ ва Афғонистон равған мерезад.

Ғуломалӣ Хусрав, сафири Эрон дар Созмони Милал
Ғуломалӣ Хусрав, сафири Эрон дар Созмони Милал

Аммо Ғулом Хусрав, сафири Эрон дар Созмони Милал, рӯзи 4-уми май гуфт, кишвараш “ҳеҷ ҳавас ва ё ҳеҷ манфиате аз авҷ гирифтани таниш дар ҳамсоягиаяшро” надорад ва барои муколама бо Арабистони Саудӣ боз аст.

Арабистони Саудӣ - як шарики Амрико аст ва бо Эрон солҳои тӯлонист, ки барои нуфуз дар минтақаи Ховари Миёна рақобат дорад. Рақобати онҳо ба ҷангҳои ғайримустақим дар саросари Ховари Миёна кашидааст. Ду кишвар дар муноқишаҳо дар Сурияву Яман, Ироқ, Лубнон ва Баҳрайн аз тарафҳои мухолиф ҳимоят кардаанд.

XS
SM
MD
LG