Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон даст кашидани Саудӣ аз муколамаро "харобиовар" номид


Сухангӯи Вазорати хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ
Сухангӯи Вазорати хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ

Эрон рӯзи гузашта муовини валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмонро ба афзоиши таниш дар минтақа муттаҳам кард ва сарпечии Риёз аз муколама бо Теҳронро "харобиовар" номид.

Муҳаммад бин Салмон, ҷойгузини падараш шоҳ Салмон, рӯзи 2 май дар як изҳороти ғайримаъмулӣ гуфт, ки ӯ дар пайи муколама бо Эрон нест, зеро ҳадафи Теҳрон ҳукмфармоӣ дар ҷаҳони Ислом аст.

Шоҳзода дар як маврид гуфт, "мо медонем, ки ҳадафи режими Эрон дастёбӣ ба маркази мусалмонҳо - Макка аст ва мо роҳ намедиҳем, ки ҷанг дар дохили Арабистони Саудӣ ҷараён бигирад. Мо талош мекунем, ки муҳориба дар тарафи онҳо, дар Эрон сурат бигирад, на дар Арабистони Саудӣ."

Дар посух ба гуфтаҳои муовини валиаҳди Саудӣ сухангӯи Вазорати хорҷии Эрон Баҳром Қоисимӣ гуфт, " ин шарҳҳо собит мекунанд, ки Арабистони Саудӣ аз терроризм пуштибонӣ мекунад ва аз сиёсати харобиовари муқовимат дар минтақа дар баробари Эрон кор мегирад."

Дар ҳоле, ки валиаҳди Саудӣ аз ҳукумати Эрони шиамазҳаб интиқод мекард, Қосимӣ гуфт, "ваҳҳобият, ки Арабистони Саудӣ аз он пуштибонӣ мекунад, идеологияи тундгароиро ба вуҷуд овардааст, ки "Ал-Қоида" ва гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" аз он пайравӣ мекунанд ва нооромиҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон аз ҳамин сарчашма об мехуранд."

"Дар ҳоле, ки Осиё пур аз ташаннуҷ аст ва зарурати ҳамкорӣ, дар байни кишварҳо дар миён аст, шарҳҳое мисли ин иштибоҳи стратежӣ ва набуди дарки ҳассосияти сиёсӣ аст"- гуфт Баҳром Қосимӣ.

Раиси ҷуҳмури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ моҳи феврали соли равон ҳангоми сафар ба Қувайт гуфт, ки Теҳрон мехоҳад равобитро бо ҳамсояҳои суннимазҳабаш дар Халиҷи Форс барқарор ва густариш диҳад.

Қосимӣ рӯзи 2 май аз қавли вазири хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфт, ки Эрон омодааст бо Риёз равобити муътадилро ба роҳ монад, агар шоҳигарӣ ба бомбаборони Яман хотима гузорад. Пешниҳоде, ки шоҳзода Салмон онро дар сӯҳбати ахири телевизионӣ рад кард.

Теҳрон ва Риёз оғози соли равон таниши марбут ба зиёрати Каъбаро ҳал карданд ва барои сафари зоирони эронӣ ба Арабистони Саудӣ дар маросими ҳаҷи соли 2017 қарордод бастанд.

Эрон ва Арабистони Саудӣ бо ҳам ихтилоф дошта, ҳоло робитаи дипломатӣ миёни ҳам надоранд.

Арабистони Саудӣ соли гузашта робитаашро бо Эрон дар ҳоле қатъ кард, ки сафорати ин кишвар дар Теҳрон баъди эъдоми як рӯҳонии шиамазҳаб дар Саудӣ мавриди ҳамлаи тазоҳургарон қарор гирифт.

Рақобати байни Эрон ва Арабистони Саудӣ нақши ин ду қудрати минтақавиро дар ҷангҳои ниёбатии Ховари Миёна афзоиш додааст. Дар баробари пуштибонӣ аз тарафҳои муқобили ҷанг дар Сурия ва Яман Теҳрон ва Риёз аз рақибони сиёсӣ дар Баҳрайн, Ироқ ва Лубнон низ пуштибонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG