Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи ба номи Муродулло Шерализода насиби Муҳиддин Идизода шуд


Дар Тоҷикистон нахустин Ҷоизаи ба номи Муродулло Шерализода бо 2 ҳазор сомонӣ ҷоиза ба Муҳиддин Идизода -- журналисти тоҷик, супурда шуд. Муродулло Шерализода 25 сол қабл дар бинои кунунии порлумон аз сӯи афроди то ҳанӯз номаълум, ба қатл расонида шуда буд.

Ҷоизаи ба номи ин журналисти фақиди тоҷик ва сардабири “Садои мардум” соле қабл аз сӯи муассиони Медиа ҳолдинги “Оила” таъсис дода шуда буд. Ба хотири муайян сохтани соҳибҷоиза озмуне низ ташкил дода шуда буд, ки матлабҳои ширкаткунадагони озмун таҳти унвони “ Сад сатр аз одаму одамгарӣ” дар нашрияи “Тоҷикистон” ба нашр мерасид.

Шарифи Ҳамдампур, сардабири нашрияи “Тоҷикистон” ва муаассиси ин ҷоиза дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ҳошияи супурдани ин ҷоиза гуфт: “Қатли Муродулло Шерализода, кӯшиши шикастани хома, андохтани нифоқ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд”.

Ҳамдампур афзуд, ин ҷоизаи ба номи Шерализода рамзӣ буда, ба поси хотири ӯ ва даҳҳо журналистоне, ки дар ҷанг шаҳрвандӣ кушта шуданд, таъсис дода шудааст. Ба гуфтаи таъсисдиҳандагон, Ҷоизаи ба номи Муродулло Шерализода минбаъд ҳар сол ба яке аз ҳабарнигорони тоҷик супрда мешавад.

XS
SM
MD
LG