Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки қарор аст, ба зудӣ Рамазон Абдулатипов, раҳбари ҷумҳурии Доғистони Русия ба Душанбе сафар кунад. Вазорат бо нашри баёнияи расмии кӯтоҳе дар вебсайташ хабар дод, ки сафари Рамазон Абдулатипов рӯзҳои 10 то 13-уми май сурат мегирад.

Ҷузъиёти дигаре дар бораи ҳадафи сафар ва ё мавзӯҳои гуфтугӯи раҳбари Доғистон дар Тоҷикистон дода нашудааст. Рамазон Абдулатипов дар гузашта сафири Русия дар Душанбе буд ва дар замони кори ӯ танишҳои лафзӣ байни Тоҷикистону Русия дар бораи нерӯгоҳи Роғун зиёд шуд.

Бино ба гузоришҳои матбуоти Русия, Рамазон Абдулатипов дар Тоҷикистон 3127 метри мураббаъ замин ва хонае бо ҳаҷми 122, 20 метри мураббаъ доштааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG