Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон гуфт, омода аст, дар таҳқиқи гузоришҳо дар бораи таъқибу ҷазои худсарона ба мардони ҳамҷинсгаро бо мақомоти тафтишотии Русия ҳамкорӣ кунад. Ӯ дар ин бора рӯзи 5-уми май сӯҳбат кард.
Аз ин пеш Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки худаш шахсан бо додситони кулл ва вазири умури дохилӣ сӯҳбат мекунад ва аз онҳо мехоҳад, дар таҳқиқи гузоришҳо дар бораи бадрафторӣ бо ҳамҷинсгароён дар Чеченистон ба Татяна Москалова, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия кӯмак кунанд. Ҷомеи байналмилалӣ гузоришҳо дар бораи таъқиби мардони ҳамҷинсгаро дар Чеченистонро маҳкум карданд.
Рамазон Қодиров ба матбуоти Русия гуфтааст, “Чеченистон мехоҳад, сиёсатмадорони ғарбӣ, аз ҷумла Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, ки дар бораи ин масъала сӯҳбат кардаанд, бирасонад, ки тамоми гуфтаҳояшон беасос аст.” Айни замон гуфтааст, ӯ ҳозир аст барои тафтиши қазия ҳамкорӣ кунад. Рамазон Қодиров афзудааст, “Ғарб ин мавзӯро доман мезанад” ва таъкид кардааст, ки дар Чеченистон ҳамҷинсгаро вуҷуд надорад.
Ба гуфтаи ӯ, “Дар ҷомеаи Чеченистон чизе бо номи тамоюли ғайримаъмулии ҷинсӣ вуҷуд надорад, дар инҷо мардум ҳазорон сол бо фармудаҳои дигари Оллоҳ зиндагӣ кардаанд.“