Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FIBA бозӣ бо ҳиҷобро иҷозат дод


Зане бо либоси варзишии Nike
Зане бо либоси варзишии Nike

Федератсияи байналмилалии баскетбол (FIBA) пӯшидани ҳиҷобро ба бозигарони ин навъи варзиш дар мусобиқаҳо иҷозат дод.

Дар ин бора конгресси FIBA қарореро қабул кард, ки сар аз 1 октябри соли равон ба иҷро медарояд.

Бастани рӯймоле иҷозат дода шуд, ки ягон қисмати рӯйро намепӯшонад ва ҳангоми бозӣ низ мушкилеро барои варзишгарон эҷод нахоҳад кард.

Бар пояи қоидаи нав, ранги ҳиҷоби ҳамаи бозигарони даста бояд якхел - сафед, сиёҳ ё ҳамранги либоси варзишгарон бошад.

Пӯшидани ҳиҷоб барои баскетболбозон моҳи сентябри соли 2014, баъди он манъ карда шуд, ки дастаи Қатар аз иштирок дар Бозиҳои осиёӣ ба далели мамнуъ будани бозӣ бо рӯйсарӣ худдорӣ кард.

FIBA он замон гуфт, бар пояи талаботи бехатарӣ ҳиҷобро манъ кард.

XS
SM
MD
LG