Шоҳзода Филипп, ҳамсари Елизаветаи II, маликаи Британия, аз тирамоҳи соли равон аз фаъолиятҳои расмии дарбор хориҷ мешавад. Дар ин бора кохи Букингем рӯзи 4 май хабар дод.
Дафтари матбуоти хонаводаи салтанатӣ мегӯяд, ки худи Елизаветаи II ширкаташро дар маъракаҳои расмӣ идома медиҳад. Дар изҳороти дарбори малика гуфта шудааст, ки ҳеҷ нигаронӣ аз сиҳатии малика ва ҳамсараш дар миён нест. Маликаи Британия чанде пеш 91-сола шуд ва ҳамсари ӯ шоҳзода Филипп моҳи июн 96-сола мешавад.
Елизаветаи II бо Филипп Маунтбеттен - афсари нерӯҳои дарёии Британия ва набераи малика Виктория соли 1947 дар синни 21 издивоҷ кард. Он замон Филипп 26 сол дошт. Онҳо соли 1934 шинос шуданд ва якдигарро дӯст доштанд. Дар остонаи арӯсӣ бо Елизавета ба Филипп унвони герсоги Эдинбург тақдим шуд.