Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини Сурия: То хатми бомбаборонҳо музокирот намекунем


Акс аз музокироти моҳи март

Гурӯҳи мухолифони мусаллаҳи Сурия рӯзи 3 май иштироки худ дар музокироти сулҳи шаҳри Остонаи Қазоқистонро боздошта ва гуфтанд, ки то замони хатми бомбаборонҳои ҳукумат сари мизи гуфтушунид барнамегарданд. Сухангӯи Эътилофи миллии Сурия Аҳмад Рамазон рӯзи 3 май бо пахши изҳороте дар ин бора хабар дод.

Музокироти Остона бо сарпарастии Русия, Туркия ва Эрон барпо мешавад. Рамазон гуфт, ҳайати онҳо ширкат дар музокиротро баъди он қатъ кард, ки талаби хатми бомбаборонҳои ҳукуматиро дар як ёддоште навишта ба аъзои маҷлис супурд.

Дар як изҳороти ҷудогонааш Рамазон гуфт, ҳайати мухолифон дар Остона мемонанд ва омода аст, ки масъалаи нақзи оташбас дар моҳи декабрро аз ҷониби Русия, Эрон ва Туркия баррасӣ кунанд ва ба Русия дар заминаи маконҳои амни пешниҳодӣ савол диҳанд.

Вай дар сӯҳбат бо Ассошейтед Пресс гуфт, ки мухолифин шарти оташбасро дар шакли ҳозирааш қабул надоранд. Доналд Трамп, президенти Амрико ва Владимир Путин, президенти Русия дар сӯҳбати телефонӣ масъалаи таъсиси маконҳои амнро баррасӣ кардаанд. Дар изҳороти Кохи Сафед гуфта шуд, ки дар ин сӯҳбат масъалаҳои марбут ба маконҳои амн, расидан ба сулҳи ниҳоӣ ва дигар масоил баррасӣ шудааст. Ҷузъиёти бештари ин гуфтугӯҳо дар даст нест. Русия то ҳол ин мавзӯъро шарҳ надодааст.

Шоми 3 май Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, ки эҳтимол мухолифон дар рӯзи дувуми музокирот - 4 май сари мизи гуфтушунид баргарданд. Вале худи мухолифон ҳанӯз дар ин замина чизе нагуфтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG