Муовини ёвари Котиби давлатии Амрико Даниэл Розенблум дар доираи сафари серӯзаи худ ба Тоҷикистон, бо мақомоти тоҷик ва намояндагони ҷомеаи мадании кишвар мулоқот кардааст. Даниэл Розенблум рӯзи 30 апрел вориди Тоҷикистон шуд.
Тибқи иттилои сафорати Амрико дар Душанбе, оқои Розенблум дар доираи ин сафар ба ноҳияи Рашт сафар кард ва дар онҷо аз тарҳҳое, ки аз сӯи ҳукумати ИМА пуштибонӣ мешаванд, дидан намуд. Муовини ёвари Котиби давлатии Амрико дар Рашт бо раҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ масоили иқтисодӣ ва шароити иҷтимоии минтақаро баррасӣ кардааст. Даниэл Розенблум рӯзи 3 май дар Душанбе бо Сироҷиддин Аслов мулоқот намудааст.
Даниэл Розенблум муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Департаменти давлатӣ мебошад. Ӯ дар Бюрои Департаменти давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ фаъолият намуда, масъули сиёсати ИМА ва муносибатҳои дипломатӣ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ -- Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошад.
Дар тӯли беш аз 25 соли ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон, ИМА фаъолиятро ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ идома дода, ҳамзамон ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мусоидат кардааст. Тибқи иттилои сафорати Амрико дар Тоҷикистон, аз соли 1992 то ба ҳол ҳукумати Амрико маблағи беш аз 1,8 миллиард доллари тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, ки ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энержӣ, соҳибкорӣ, тандурустӣ ва маориф ва ниҳодҳои демократӣ равона карда шудаанд, ба Тоҷикистон ҷудо намудааст.