Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯхии дипломати афғон барои ӯ дардисар эҷод кард


Фурӯдгоҳи Остона
Фурӯдгоҳи Остона

Муовини вазири умури хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ суханҳои сафири пешини Афғонистон дар Қазоқистон Муҳаммад Баракиро, ки ба марзбонони фурудгоҳи шаҳри Остона гуфт, дар ҷузвдонаш "бомба" дорад, "шӯхии беҷо" номид.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Баракӣ 1 май ҳангоми парвоз ба шаҳри Кобули Афғонистон аз фурудгоҳи шаҳри Остона дар посух ба суоли марзбонони қазоқ, ки дар ҷузвдони худ чӣ дорад, гуфтааст, "бомба".

Дар натиҷа марзбонон маҷбур шудаанд, ки дипломати афғонро аз санҷиш гузаронанд. Тлеубердӣ дар суҳбат бо хабарнигорон афзуд, ки кормандони махсуси қазоқ аз мақоми дипломатии Баракӣ огаҳӣ надоштанд. "Вале шӯхии ӯ "нобоб" буд", - афзуд муовини вазири умури хориҷии Қазоқистон.

Сӯхангӯи фурудгоҳи Остона Комила Қосимбоева низ изҳор дошт, ки дипломати афғон бо ин амали худ "қонунро сахт вайрон кард", вале ба гуфтаи ӯ, дахлнопазирии дипломатияш Баракиро аз ҷавобгарӣ "наҷот" дод.

XS
SM
MD
LG