Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии кулл: Вазъи рӯҳии Ҳикматулло Шарипов санҷида мешавад


Додситонии кулли Тоҷикистон барои ташхиси вазъи руҳии Ҳикматулло Шарипов, ки рӯзи 11 апрел дар назди бинои ҳукумати шаҳри Душанбе гулӯяшро бурида буд, комиссияи тиббӣ таъсис додааст. Наздикони Ҳикматулло Шарифов рузи 2 май ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар чаҳорчӯби ин тафтишот ба додситонӣ даъват шуда ба саволҳои муфаттишон посух медиҳанд.

Як мақоми Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки Комиссияи тиббӣ дар зарфи се рӯзи оянда маълум хоҳад кард, ки вазъи рӯҳии Ҳикматулло Шарипов дар кадом ҳолат аст ва то куҷо ҳолати равонии ӯ боиси кӯшиши худкушии ӯ шудааст. Волидони Шарипов исрор меварзанд, ки фарзанди онҳо солим аст. Баъди ҳодисаи назди шаҳрдорӣ, Ҳикматулло Шарипов дар бемористони "Шаҳраки тиббӣ"-и пойтахт таҳти назорати амниятӣ муолиҷа шуд.

Дар додситонии кулл навиштаҳо дар бораи дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ нигаҳдорӣ шудани Шариповро рад карда, вале дар бораи макони будубоши феълии ӯ хабар надоданд. Волидон ва ҳам намояндагони ниҳодҳои интизомӣ мегуянд, дар пайи талоқ бо ҳамсар ва се фарзандаш ӯ танҳо ва хеле асабониву афсурда буд ва эҳтимолан вазъи бади рӯҳии ӯ боиси ба даст корд гирифтани ӯ шуд. Вале маълум нест, ки чаро ин ҳодиса дар назди шаҳрдории Душанбе шуд.

Ҳикматулло Шарипов, сокини кӯчаи Қодир Ҳабибӣ 2, ноҳияи Ваҳдат дар нимаи дувуми рӯзи 11 апрел дар назди бинои ҳукумати шаҳри Душанбе бо корд гарданашро чок кардааст. Дар аввал ин сарусадо дар чархиш буд, ки гӯё ӯ ба нишони эътироз аз манъи фаъолияти таксиҳои “се сомонӣ” дар пойтахт қасд ба ҷони худ намуд. Вале ин хабарро баъдан волидонаш рад карда гуфтанд, ки ӯ ба ҳайси устои мошин кор мекард. Дар шарҳи расмии ВКД сабаби кӯшиши худкушӣ вазъи мушкили оилавии Шарипов гуфта шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG