Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суолҳои то кунун беҷавоби қасди худкушии Ҳикматулло. САДО


Манзили Ҳикматулло Шарипов дар кӯчаи Қодир Ҳабибӣ 2, маркази шаҳри Ваҳдат, воқеъ будааст
Манзили Ҳикматулло Шарипов дар кӯчаи Қодир Ҳабибӣ 2, маркази шаҳри Ваҳдат, воқеъ будааст

Волидони Ҳикматулло Шарипов – сокини 37-солаи шаҳри Ваҳдат – чаҳор рӯз боз натавонистаанд, ки фарзанди худро бубинанд. Онҳо мегӯянд, ба қавли мақомот Ҳикматулло бо гулӯи захмӣ дар бемористони “Шаҳраки тиббӣ”-и пойтахт хобидааст ва ҳарф зада наметавонад. “На сабаби ин амали ӯро медонем ва на иҷозати диданашро дорем”, - гуфт падараш Неъматулло Шарипов рӯзи 15 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Падари Ҳикматулло: Ҳанӯз иҷоза надоданд, ки писарамро бинам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:27 0:00
Линки мустақим

Шоми ҳамон рӯз кормандони милиса омада ва аз ҳодисаи нохуш ба мо хабар доданд. Сипас дар бораи фарзандамон баёнот ҳам гирифтанд

Вақте мо ба манзили Ҳикматулло Шарипов, воқеъ дар кӯчаи Қодир Ҳабибӣ 2, маркази шаҳри Ваҳдат рафтем, фазои ҳавлӣ ором ба назар мерасид. Модари Ҳикматулло дар аввал намехост, суҳбат кунад. Вай гуфт, то ҳол намедонад, ки чаро фарзандаш қасд ба ҷони худ кардааст.

“Писарам солим буд. Аз касе қарздор набуд ва ба касе ҳам қарз надода буд. Субҳе, ки аз хона баромад, ором буд ва гуфт, ки то ним соат ба шаҳр рафта бармегардад. Ҳеч қаҳр, эътироз ва шикоят надошт. Хонаашро таъмир мекард. Вале ба мо нагуфта буд, ки барои чӣ ба шаҳр меравад”, - афзуд ӯ.

Модари Ҳикматулло Шарипов
Модари Ҳикматулло Шарипов

Волидони Ҳикматулло мегӯянд, фарзанди онҳо ронандаи таксии “3 сомонӣ” дар Душанбе набуд ва мошин ҳам надошт. Ба қавли онҳо, Ҳикматулло як муддат ба ҳайси устои мошин кор карда ва рӯзҳои охир ҳамроҳи бародараш дар ҷустуҷӯи мусофирбари навъи “Газел” будааст, то ба иҷора гирифта кор кунанд. Модари Ҳикматулло гуфт, “вале субҳи 11 апрел ба шаҳр рафту дигар барнагашт. Шоми ҳамон рӯз кормандони милиса омада ва аз ҳодисаи нохуш ба мо хабар доданд. Сипас дар бораи фарзандамон баёнот ҳам гирифтанд”.

Бинои шаҳрдории Душанбе
Бинои шаҳрдории Душанбе

Неъматулло Шарипов – падари Ҳикматулло дар ҳоле бо мо суҳбат мекард, ки дар беморхонаи “Шаҳраки тиббӣ” қарор дошт. Вай гуфт, маъмурони милиса ҳанӯз иҷоза надодаанд, ки ба назди фарзандаш дарояд. “Пизишк гуфт, ки даромадани мо фишори писарро мебардорад ва нороҳат мекунад. Ҳоло ба қавли табибон андаке ҷойи бурида баъди дӯхтан варам кардааст. Гуфтанд, ки зуд сиҳат меёбад ва аммо тайи ин чанд рӯзе, ки бистарӣ аст, гап зада наметавонад”, - афзуд падари Ҳикматулло.

Манзили Шариповҳо
Манзили Шариповҳо

Хонаводааш мегӯянд, Ҳикматулло соҳиби се фарзанд буд ва ду соли қабл аз ҳамсараш ҷудо шуд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам рӯзи 15 апрел дар изҳороти расмӣ қасди худкушии Ҳикматулло Шариповро дар назди бинои шаҳрдории Душанбе тасдиқ карда, аммо гуфт, ин қазия на ба масъалаи манъи таксиҳои арзон, балки ба ҷанҷоли хонаводагиаш марбут аст. “Ҳикматулло баъди ҷудоӣ аз ҳамсараш дар натиҷаи муноқиша бо модарарӯс хонаи ӯро оташ зада, бо моддаи 255-и Кодекси ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Бинобар дар ҳолати руҳии носолим қарор доштан кӯшиши ба худкушӣ даст задан намуд ва ҳоло бошад дар беморхона дар ҳолати муътадил қарор дорад”, - таъкид шудааст дар изҳороти Вазорати умури дохилӣ.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Ин хабарномаи вазорат ва сарусадоҳо дар бораи ин қазия суолҳои зиёдеро халқ кардааст, ки бо гузашти чаҳор рӯз ҳанӯз беҷавоб мондаанд. Аз ҷумла, агар Ҳикматулло мушкили хонаводагӣ дошт, чаро дар шаҳри Ваҳдат аз пайи ҳалли он нашуд ва ба пойтахт ба назди шаҳрдорӣ омад? Сабаби иҷоза надодан ба волидони Ҳикматулло барои дидани писарашон чист? Чаро ӯ таҳти назорати шадид дар бемористон хобидааст?

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, посух ба ин суолҳо дар ҳоли ҳозир имкон надорад. Ӯ гуфт, Ҳикматулло дар ҳоле ба беморхона бурда шудааст, ки аллакай маҷруҳ буд ва ҳарф зада наметавонист. “То замоне ки Ҳикматулло ба сухан гуфтан надарояд ва худаш шаҳр надиҳад, ҳеч чиз маълум нест”, - афзуд Умарҷони Эмомалӣ.

Саҳни бемористони "Шаҳраки тиббӣ" дар Душанбе
Саҳни бемористони "Шаҳраки тиббӣ" дар Душанбе

Ҳикматулло Шарипови 37-сола, сокини кӯчаи Қодир Ҳабибӣ 2, ноҳияи Ваҳдат дар нимаи дувуми рӯзи 11 апрел дар назди бинои ҳукумати шаҳри Душанбе бо сабабҳои то ҳол номаълум бо корд гарданашро чок кардааст ва ҳоло дар беморхонаи “Медгордок” бистарӣ аст. Аммо чаҳор рӯз боз ин сарусадо дар чархиш аст, ки гӯё ӯ ба нишони эътироз аз манъи фаъолияти таксиҳои “се сомонӣ” дар пойтахт қасд ба ҷони худ кардааст. Иттилое, ки мақомот рад мекунанд.

Бо ин вуҷуд, бино ба иттилои дарёфтӣ, Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ки бинои шаҳрдорӣ дар ҳудудаш воқеъ аст ва қасди худкушии Ҳикматулло дар онҷо сурат гирифтааст, дар робита ба ин ҳодиса парванда боз намуда ва қазияро тақҳиқ дорад.

XS
SM
MD
LG