Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табқа аз дасти ҷангиён озод мешавад


Нирӯҳои курдиву арабӣ бо пуштибонии ИМА дар шаҳраки Табқаи наздикии Раққаи Сурия дар муқобили ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дастболо мешаванд. Созмони бритониёии Нозирони суриягии ҳуқуқи башар рӯзи 30 апрел гуфт, ки эътилофи курдҳову арабҳо бо номи Нирӯҳои демократии Сурия ҳоло беш аз 70 дар сади қаламрави Табқаро назорат мекунанд. Дар изҳороти раҳбари ин созмон Рамӣ Абдурраҳмон гуфта шудааст, ки қисмати қадимаи шаҳр пурра зери назорат дароварда шуда ҳоло нирӯҳо ба самти дарвозаҳои шаҳр ҳаракат мекунанд. Ин созмон дар бораи муҳорибаҳои шадиде миёни ҷангиёни “Давлати исломӣ” ва Нирӯҳои демократии Сурия хабар медиҳад.

XS
SM
MD
LG