Пайвандҳои дастрасӣ

Ганҷалзода: "Музокироти Маскав мушкил буд, аммо масъала ҳал шуд"


Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон

Музокироти "мушкили" Тоҷикистону Русия бар сари парвози ҳавопаймоҳо дар Маскав, ки тайи тақрибан як моҳи охир идома дошт, бо имзои як "протокол" ба поён расидааст. Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёт ва раҳбари ҳайати Тоҷикистон дар ин музокирот, рӯзи 28 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамаи мушкил ҳал шуд". Музокироти Тоҷикистону Русия баъди танаффуси даҳрӯза 24 апрел аз сар гирифта шуд.

Баҳси қариб нимсолаи миёни Тоҷикистон ва Русия бар сари парвозҳо аз назари нозирон яке аз тӯлонитарин дар таърихи равобити ду кишвари дӯст будааст.

Ӯ гуфт, "мо "проткол" ба имзо расондем ва мушкилро ҳаллу фасл кардем. Музокирот хеле мушкил буд ва дар инҷо масъалаҳо зиёд буданд". Аммо Ганҷалзода аз тафсилоти бештар, аз ҷумла дар бораи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии "Ямал" аз фурудгоҳи "Жуковский"-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд худдорӣ кард ва гуфт, феълан наметавонад ҷузъиёти санади имзошударо ошкор кунад.

Ҳавопаймои ширкати "Ямал"
Ҳавопаймои ширкати "Ямал"

Вазорати нақлиёти Русия низ рӯзи 28 апрел аз хотимаи музокирот хабар дода ва танҳо гуфтааст, ки моҷарои ҳавоии ду тараф ҳал шуданд. Дар ҳамин ҳол, Андрей Дубров – намояндаи расмии ширкати "Ямал" – рӯзи 28 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси санади имзошуда ширкати онҳо дар ҳафтае се борӣ ба Душанбеву Хуҷанд парвоз анҷом хоҳад дод.

Вай гуфт, “қарор шуд, “Сомон Эйр” низ парвозашро анҷом диҳад.” Бо ин ҳол Дубров афзуд, ҳанӯз ширкати онҳо аз “протокол” хотирҷамъ нест ва иҷрои ин санадро интизор мемонад.

"Коғаз чизи дигар аст ва иҷрояш – чизи дигар. Вақте билетҳоро фурӯхтем ва парвоз анҷом шуд, он вақт гуфтан мумкин аст, ки дигар мушкил боқӣ намондааст. Агар мушкиле пеш наояд, мо дар бист рӯзи оянда парвозро оғоз мекунем. Вале ҷониби Тоҷикистон мехоҳад, ки мо нархи билетҳо ва рӯзҳои парвозро мувофиқа кунем. Ҷадвали парвозҳои мо ба Хуҷанду Душанбе тасдиқ шудааст ва агар тағйироте пеш ояд, мо маҷбур ҳастем, ки парвозҳо ба минтақаҳои дигар, аз ҷумла Ӯш ва Бишкекро дигар кунем. Ин ба манфиат нест", - таъкид кард ӯ.

Тоҷикистону Русия тақрибан ним сол боз бар сари иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд баҳс доштанд. Тарафи Русия талаб дошт, ки ҳавопаймоҳои “Ямал” дар ҳафтае 7 бор ба пойтахту шимоли кишвар парвоз анҷом диҳад. Аммо ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, бояд шумори парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар ҳафтае ду бор бошад.

Дар пайи забон наёфтанҳо, Русия тақрибан як моҳ пеш парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро ба минтақаҳои он кишвар манъ кард. Тоҷикистон ҳам қаблан ҳушдор дода буд, ҷавоби ҳамсони Русияро хоҳад дод. Аммо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки феълан дар парвози ҳавопаймои ширкатҳои Русия ба Душанбе тағйироте рух надода ва парвозҳо тибқи ҷадвали расмӣ анҷом мешаванд.​

Солона на камтар аз 1 миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба Русия мераванд ва солҳои охир ҳавопаймо аз умдатарин василаи расидани муҳоҷирони тоҷик ба Русия шудааст. Ин вазъ тиҷорати ширкатҳои ҳавоиро гарм нигоҳ медорад ва онҳо дар амри ҷалби муштарии бештар аз рӯи қонуни бозор амал карда, қимати билети парвозро ҳам муносиб ба кисаи муҳоҷирон мекунанд.

Тафовути қимати парвозҳо гоҳо аз се то чаҳор баробарро ташкил дода, ногузир ширкатҳоро дар шароити рақобати шадид қарор медиҳад.

Баҳси қариб нимсолаи миёни Тоҷикистон ва Русия бар сари парвозҳо аз назари нозирон яке аз тӯлонитарин дар таърихи равобити ду кишвари дӯст будааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG