Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Тоҷикистон барои ҳалли "моҷарои ҳавоӣ" ба Маскав рафт. ВИДЕО, САДО


Ҳайати Тоҷикистон бо раҳбарии Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёт барои анҷоми музокирот дар мавриди танзими парвози ҳавопаймоҳо озими Маскав шудааст. Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 6 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ин ҳайат намояндагони вазоратҳои умури хориҷӣ ва адлия низ шомиланд ва дар гуфтугӯҳо ба ин ҳайат сафири Тоҷикистон дар Маскав низ ҳамроҳ мешавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

То анҷоми музокирот Тоҷикистон манъи парвози ширкатҳои Русияро ба таъхир мегузорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Ба гуфтаи Худоёрзода, дар ин музокирот мушкили мавҷуд дар танзими парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия баррасӣ шуда ва ҷонибҳо талош хоҳанд кард ба баҳси наздик ба шашмоҳа, нуқта гузоранд. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ба Радиои Озодӣ гуфт, музокироти миёни ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Русия қарор аст рӯзҳои 7 ва 8 апрел баргузор шавад.

Баҳси Тоҷикистону Русия то куҷо расид?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00
Линки мустақим

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин сафар ҳайати онҳо ба мавқеи худ пофишорӣ хоҳанд кард. "Русия мехоҳад, ки шумори парвозҳои ширкати "Ямал" ба Тоҷикистон то 7 адад афзоиш ёбад, вале Душанбе мегӯяд, танҳо ба 4 парвози ин ширкат иҷозат хоҳад дод". Манзури онҳо парвозҳо дар хатсайрҳои Маскав-Душанбе ва Маскав-Хуҷанд аст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи дигар аз вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба далели оғози музокирот ва ворид накардани халал ба ин раванд, ҷониби Тоҷикистон ба иҷрои ултиматуми мутаваққиф шудани парвози ду ширкати ҳавопаймоии русӣ ба Тоҷикистон, пойфишорӣ накардааст.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ду рӯз қабл гуфт, агар то 6 апрел манъи парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” ба шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург лағв нашавад, ҷониби Тоҷикистон 7 парвози ширкатҳои русӣ ба шаҳрҳҳои Душанбе ва Хуҷандро манъ хоҳад кард.

Душанбе дар пайи маҳдуд шудани парвозҳои ширкати «Сомон Эйр» ба Маскаву Санкт-Петербург дар рӯзи 3 апрел гуфт, ки аз тадбирҳои ҳамсон кор мегирад ва агар то 6 апрел маҳдудият бекор нашавад, фаъолияти ширкатҳои амалкунандаи русӣ ҳам маҳдуд хоҳад шуд. Ба дунбол, мақомоти Русия ҳайати Тоҷикистонро барои ҳалли «моҷарои ҳавоӣ» миёни ду кишвар ба музокирот ба Маскав хондаанд.

Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 6 апрел аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвозҳои ширкати ҳавопаймоии русӣ -- «Уралские авиалинии» аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯз тибқи реҷаи муқаррарӣ ва тасдиқшуда анҷом мешаванд. Як манбаъ аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, ки дар мавриди мутаваққиф шудани парвозҳои ширкати "Уралские авиалинии» ба шаҳри Душанбе, аз вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ин ниҳод дастуре ворид нашудааст.

Ин манбаъ афзуд, ки парвозҳои ин ширкати ҳавопаймоии русӣ ба Душанбе тибқи ҷадвал сурат гирифта ва қарор аст соати 12:00-и вақти маҳаллӣ, ҳавопаймои ин ширкат аз шаҳри Иркутск дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд ояд.

«Баробарӣ – бародарӣ»?

Тоҷикистон мегӯяд, ки Русия бо талаби вориди бозори ҳавоии ин кишвар шудани ширкати нави «Ямал» муқарарроти баробарӣ ё паритетро дар шумори парвозҳо нақз мекунад. Рӯзи 4 апрел сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ҳам, ки зоҳиран аз мӯҳтавои баҳсҳо аз наздик ошно аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «муносибатҳои молӣ мушкилоти фаровон дорад ва ҷонибҳо ҳамеша аз манфиатҳои худ ҳимоят мекунанд. Фикр мекунам, ҷонибҳо бар пояи мувофиқатномае, ки дар Ҳамоиши 14-уми комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Русия, ки дар моҳи январ дар Душанбе баргузор шуд, ихтилофҳои назари худро ҳал мекунанд.»

Пушти моҷарои ҳавоӣ чӣ меистад?

Вай дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки пушти моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Русия, ки ҳудуди шаш моҳ боз идома дорад, чӣ ангезаҳое нуҳуфта аст, гуфт, «ба андешаи ман, ихтилофи аслӣ дар атрофи шумораи парвозҳо аст, ки ширкатҳои ҳавоии Русия мехоҳанд аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав ба шаҳрҳои Тоҷикистон анҷом диҳанд.»

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар ду моҳи ахир ширкатҳои Русия 500 парвоз ва ширкатҳои тоҷикистонӣ 300 парвоз анҷом додаанд ва бо иловаи хадамоти ширкати “Ямал” парвози ҳавопаймои ширкатҳои русӣ афзоиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG