Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон Русияро барои сарфи назар кардани пешниҳодаш муттаҳам кард


Бинои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷониби Русияро барои сарфи назар кардани ду пешниҳодаш муттаҳам кардааст. Мақомоти вазорат рӯзи 7 апрел гуфтанд, онҳо ба ширкати русии "Ямал" пешниҳод кардаанд, ки дар як ҳафта дуборӣ ба фурудгоҳи Кӯлобу Қӯрғонтеппа парвоз анҷом диҳад. Вале ҷониби Русия аз ин пешниҳод тарафдорӣ накардааст.

Мақомоти Вазорати нақлиёт гуфтанд, инчунин, ба хотири халалдор нашудани муносибати дӯстонаи Тоҷикистону Русия пешниҳод кардаанд, то ҳавопаймоҳои "Ямал" ҳафтае дуборӣ ба фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд низ парвоз анҷом диҳад. "Аммо ҷониби Русия мехоҳад, дар як ҳафта 7 бор ширкати "Ямал" ва 7 бор ширкати "Уралские авиалинии" ба фурудгоҳҳои Хуҷанду Душанбе парвозҳоро анҷом диҳанд. Ин ба ягон қоидаи авиатсионӣ рост намеояд”, - таъкид шудааст дар баёния.

Ҷониби Русия то кунун дар ин замина изҳори назар накарда ва маълум нест, ки ҷавоби Маскав ба чӣ шакл будааст. Ин баёнияи Вазорати нақлиёт дуруст дар замоне нашр шуд, ки як ҳайат аз Тоҷикистон барои музокирот ба Маскав рафтааст.

«Ҷанги ҳавоӣ»-и Тоҷикистону Русия аз охири соли гузашта ба ин тараф идома дорад. Русия талош дорад, ки Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав ба Душанбеву Хуҷанд иҷоза диҳад. Вале ҷониби Тоҷикистон иддао дорад, ки ин пешниҳоди Русия қоидаи паритет ё баробариро нақз карда, ширкатҳои русӣ бозори парвозҳоро аз худ хоҳанд кард.

Дар ҳоли ҳозир Русия парвози ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» ба минтақаҳои Русияро манъ кардааст. Тоҷикистон ҳам ҳушдор дода буд, ки аз тасмими ҳамсон дар баробари ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ кор хоҳад гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG