Пайвандҳои дастрасӣ

Пентагон қазияи Майкл Флиннро таҳқиқ мекунад


Майкл Флинн - мушовири собиқи амнияти миллии Кохи Сафед

Вазорати дифои ИМА таҳқиқи расмии қазияи Майкл Флинн - мушовири пешини президент Доналд Трамп дар умури амниятро шуруъ кард. Тафтишот мехоҳад дақиқ кунад, ки оё Флинн иҷозат дошт аз як кишвари хориҷӣ пул бигирад.

Намояндаи расмии Кохи Сафед Шон Спайсер аз баргузории таҳқиқ истиқбол кард. Тибқи эъломияҳои Флинн, ӯ бо ширкатҳои марбут ба Русия муомилаи пулӣ доштааст ва ё аз онҳо ҳаққи қалам гирифтааст.

13 феврали соли ҷорӣ Флинн маҷбур шуд, ки аз мақомаш истеъфо диҳад. Ӯ мулоқоташ ва баррасии таҳримҳои зидди Маскавро бо сафири Русия, то оғози фаъолияти расмии Трамп, пинҳон кард ва ҳамчунин ноиби президент Майк Пенсро дар ин масъала ба иштибоҳ андохт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG