Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар назди фурудгоҳи пойтахти Сурия


Сурия - акс аз бойгонӣ
Сурия - акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия таркиши бузурге рух додааст. Намояндаи Маъмурияти назорати ҳуқуқи инсони Сурия Ромӣ Абдурраҳмон мегӯяд, садои ин таркиш аз тамоми гӯшаву канори Димишқ шунида шуд.

Ба гуфтаи Абдурраҳмон, таркиш дар наздикии роҳе, ки ба фурудгоҳи пойтахти Сурия мебарад, ба амал омад. Телевизиони марбут ба Ҳизбуллоҳи Лубнон, яке аз ҳампаймонони ҳукумати Сурия хабар дод, ки эҳтимол аст, таркиш дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил рух дода бошад.

Сухангӯи нерӯҳои низомии Исроил аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ кард. Ба арзёбиҳои пешакӣ, ҳодисаи мазкур танҳо хисороти молӣ дар пай дошта, касе осеб надидааст. Манобеи шӯришгарони Сурия бо истинод ба нозирони худ дар қисми шарқии Димишқ, ки ба фурудгоҳ наздик аст, мегӯянд, анбори муҳимоти ҷангии гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон ҳадафи 5 зарбаи ҳавоӣ қарор гирифтааст.

Дар Сурия шаш сол мешавад, миёни нерӯҳои ҳукумати президент Башор Асад ва мухолифони ӯ задухурдҳои мусаллаҳона идома дорад, ки дар натиҷаи онҳо беш аз 400 ҳазор одам кушта шудаанд. Асадро дар ин ҷангҳо Русия, Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон - ҳампаймони наздики Теҳрон ва душмани Исроил - ҳимоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG