Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп зоҳиран аз бунёди девори байни Амрико ва Мексика даст кашид


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Таҳдиди вашикастагии ҳукумат, бо даст кашидани президент Доналд Трамп аз сармоягузории оҷили девори байни Амрико ва Мексика, рӯзи 25 апрел зоҳиран коҳиш ёфт.

Бунёди девор дар байни Амрико ва Мексика яке аз ваъдаҳои аслии Доналд Трамп буд, ки соли гузашта дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ пайваста садо медод. Трап ин деворро роҳи аслии ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғариқонунӣ ва маводи мухаддир, ки ба кишвар ворид мешаванд муаррифӣ мекард.

Раҳбари демократҳо дар Сенатаи ИМА Чарлз Шумер аз тасмими президент истиқбол кард ва гуфт, ки баъзе ҷумҳурихоҳон низ ба бунёди ин девор мухолифанд.

Аммо Ҷумҳурихоҳон ва Демократҳо ҳоло низ масоили мушкиле доранд, ки то 28 апрел, муҳлате, ки маблағҳои феълии бисёр идораҳои федеролӣ тамом мешавад, бояд роҳи ҳал пайдо кунанд.

Агар то соати 12:01-и 29 апрел ҳеҷ иқдоме барои ҳазинаи пӯшиши мӯҳлати аз 29 апрел то 30 сентярб пиёда нашавад, буҷаи ҳукумат мутафақиф мешавад ва миллонҳо корманди муассисаҳои федеролӣ муваққатан ихроҷ мешаванд.

Тадбири марбут ба ҳазинаҳои кӯтоҳмуддат маъмулан рӯзҳо ва ҳафтаҳо идома мекунад ва ба хотири ҷилавгирӣ аз варшикастагии ҳукумат татбиқ мешавад.

XS
SM
MD
LG