Пайвандҳои дастрасӣ

"Россия сегодня" ҳамкориро бо Reuters қатъ мекунад


Акси дафтари "Россия Сегодня"

Гуруҳи расонаҳои давлатии "Россия сегодня"-и Русия бо хабаргузории Reuters қарордоди нави хариди гузоришҳои видеоиро имзо намекунад. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки хабаргузории Бритониё матлаберо дар бораи дахолати Русия дар интихоботи президентии ИМА нашр кард.

Ба маълумоти Reuters, ҷонибҳо дар бораи хариду фурӯши гузоришҳои видеоӣ қаблан ба созиш расида, қарор буд, ин ҳамкорӣ сар аз 1 май оғоз шавад. Хабаргузории бритониёии Reuters 21 апрел матлаберо нашр кард, ки бино бар он маркази тадқиқоти стратегии Русия нақшаи дахолатро дар интихоботи Амрико таҳия кардааст.

Ба гуфтаи манбаи Reuters, дар ин замина танҳо ду санад омода шуда буд, ки якеаш ташаккули симои мусбати номзади мавриди назари Кремл ва дувумӣ паҳни хабарҳои қонуншиканиро дар интихоботи президентии ИМА пешбинӣ мекард. Reuters мегӯяд, боло бурдани имиҷи номзади мавриди назар ба зиммаи гуруҳи расонаҳои "Россия сегодня", телевизиони "Russia Today" ва хабаргузории Sputnik вогузор шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG