Пайвандҳои дастрасӣ

Бародари "террористи Стокҳолм" дар Узбакистон боздошт шуд


Раҳмат Оқилов

Хонаводаи Раҳмат Оқилов, як марди узбактабор, ки моҳи равон бо мошини боркаш мардумро дар кӯчаи серодами Стокҳолм пахш кард, мегӯянд, бародари ӯ рӯзи 23 апрел дар Узбакистон боздошт шуд.

Наздикони ин мард рӯзи 24 апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Олим Оқилов, бародари 44-солаи Раҳмат Оқилов, дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд дастгир шудааст. Онҳо гуфтанд, мақомот сабаби боздошти Олим Оқиловро нагуфтанд.

Мақомоти Узбакистон низ ин мавзӯъро шарҳ надоданд.

Шаҳрванди Узбакистон Раҳмат Оқилови 39-сола, рӯзи 7 апрел дар маркази Стокҳолм бо мошини борбар ба пиёдагардон ҳамла кард. Дар натиҷа чаҳор кас кушта ва 15 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Оқилов баъд аз чанд соати ҳодисаи мазкур боздошт шуд. Вай дар додгоҳ ба гуноҳаш иқрор кард.

Тавре нашрияи Expressen​ менависад, Раҳмат Оқилов дар бозпурсӣ гуфт, ки дастури ҳамларо аз ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" дарёфт кардааст. Мақомоти Шветсия низ дар рӯзи боздошти Оқилови дувум, дар Стокҳолм дар пайи амалиёти вижа як гумонбари дигари ҳамлаи теракти 7 апрелро боздошт карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG