Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як ҷавон дар Душанбе барои дуздии тилловорӣ


Кормандони пулис як сокини шаҳри Душанберо барои дуздии тилловорӣ боздошт кардаанд. Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин шахс, ки қаблан низ ба иттиҳоми дуздӣ зиндонӣ шуда буд, рӯзи 13 ноябри соли гузашта бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи як сокини Душанбе ворид шуда ҷавоҳиротро, ки қимати онҳо дар маҷмӯъ 15 ҳазор доллар будааст, бо худ мебарад. Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷавон бо ҳамин шева аз хонаи истиқоматии як зани 60-сола дар Душанбе дар ҳаҷми 10 ҳазор доллари амрикоӣ тилловариро ба яғмо бурдааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло дар нисбати фарди боздоштшуда парванда боз шуда ва тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG