Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куриёи Шимолӣ як амрикоиро дар фурудгоҳи Пхенян боздошт кард


Мақомоти Куриёи Шимолӣ як амрикоиро, ки дар ҳоли хориҷ шудан аз ин кишвар будааст, дар фурудгоҳи Пхенян боздошт карданд. Хабаргузории “Ёнҳап”-и Куриёи Ҷанубӣ аз қавли манобеаш гуфт, ин мард устоди собиқи як донишгоҳ дар Чин будааст. Сафорати Шветсия дар Пхенян бидуни ироаи тафсилоти қазия гуфт, аз боздошти ин марди амрикоии куриёиасл огоҳӣ дорад. Азбаски Амрикову Куриёи Шимолӣ бо ҳам равобити дипломатӣ надоранд, сафорати Шветсия умури консулгариро пеш мебарад. Аз боздошти ин мард дар ҳоле гузориш мешавад, ки танишҳо миёни Амрико ва Куриёи Шимолӣ, ба хотири афзоиши барномаи атомӣ ва мушакии Пхенян, афзоиш ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир ҳадди ақалл ду амрикоии дигар дар Куриёи Шимолӣ маҳбусанд.

XS
SM
MD
LG