Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

22 соли зиндон барои қатли модарандар ва қасди куштани падар


Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон
Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Додгоҳи олии Тоҷикистон як сокини ноҳияи Рӯдакиро барои қатли модарандар ва қасди куштани падар ба 22 соли ҳабс маҳкум кардааст. Санаи эълони ҳукм дақиқ нест. Вале Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 21-уми апрел гуфт, Назаров Ш. бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “куштор” айбдор шудааст. Ба иттилои Додситонии кулл, тафтиши қазияро додситонии ноҳияи Рӯдакӣ анҷом дода ва мушаххас кардааст, ки Назаров дар ҳолати мастӣ ва “дар пайи муноқишаи хонаводагӣ” бо табар қасди куштани падарашро дошт. “Вай падарашро маҷруҳ карда, бо ҳадафи куштани шахси дувум, модарандараш Назарова Р., ба узвҳои ҳаётан муҳими ӯ бо табар ду зарба задааст. Назарова Р. ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - таъкид шудааст дар иттилоияи Додситонии кулл. Ин ҳодиса аввали моҳи январи имсол иттифоқ афтода буд.

XS
SM
MD
LG