Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олии Покистон Навоз Шарифро аз мақом дур накард


Навоз Шариф

Додгоҳи олии Покистон қарор кард, ки иттиҳоми фасодкории нахуствазир Навоз Шариф таҳқиқ шавад, аммо ӯ метавонад дар мақомаш боқӣ бимонад.

Панҷ додгустар дар пасманзари таҳкими чораҳои амниятӣ қарор карданд, ки барои дур намудани Шариф аз қудрат далелҳои кофӣ мавҷуд нест. Онҳо амр доданд, барои таҳқиқи иттиҳомот комиссияи муштарак таъсис ёбад.

Додгоҳи Покистон соли гузашта, баъд аз пахши "Авроқи Панама", ки дар он номи фарзандони Навоз Шариф дар робита ба ҳисобҳое дар "оффшор" нашр шуда буд, ба таҳқиқи дороиҳои хонаводаи нахуствазир оғоз кард.

Мунаққидони Шариф мегӯянд, ки ширкатҳои оффшорӣ ба хотири "шустушӯ"-и дороиҳои ғайриқонунӣ ва ё гурез аз андоз истифода шудаанд. Мухолифини Навоз Шариф таҳдид карданд, ки дар сурати таҳқиқ нашудани иттиҳомот, онҳо бо эътироз ба кӯчаҳо хоҳанд рехт.

Шариф ва хонаводааш мегӯянд, ки ба ҳеҷ хилофкорие даст назадаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG