Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Reuters: дар Сурия боз ду низомии Русия кушта шуд


Дар ҷангҳои Сурия боз ду низомии Русия Алексей Сафонови 41-сола ва Владимир Плутинскийи 46-сола кушта шуданд. Яке аз наздикони Сафонов дар суҳбат бо Reuters гуфт, Алексей миёнаҳои моҳи март дар Сурия ба ҳалокат расидааст. То ин дам Сафонов дар шарқи Украина ба ҷонибдорӣ аз ҷудоихоҳони рӯ ба Русия меҷангид. Плутинский моҳи феврал дар ҷангҳо барои озод кардани шаҳри Палмираи Сурия кушта шудааст.

Ба иттилои Reuters, аз охирҳои моҳи январ то охирҳои моҳи март танҳо дар задухурдҳои Палмира 21 низомии Русия ҷон бохтаанд ва ин шумора нисбат ба иттилои расмии Вазорати дифои ин кишвар чаҳор баробар бештар аст. Аз оғози амалиёти низомии Русия дар Сурия марги 28 сарбози ин кишвар расман тасдиқ шудааст. ВАО борҳо хабар додаанд, ки миёни кушташудаҳо ҷанговарони "ширкати хусусии низомии Вагнер"-и сабтиномношуда низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG