Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия натиҷаи назарпурсиро қонунӣ эълон кард


Ҷонибдорони Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз пирӯзии ӯ истиқбол карданд. 16 апрели соли 2017.

Раиси Камиссиюни интихоботи Туркия натиҷаи райъдиҳиро, ки қудрати президент Эрдуғонро бештар мекунад, қонунӣ эълон кард.

Сади Гувен, рӯзи 17 апрел дар ҳоле изҳорот дод, ки ҳизби умдаи мухолифин - Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Мардумӣ аз қонуншиканиҳо дар ҷараёни овоздиҳӣ, аз ҷумла истифодаи баргаҳои бидуни муҳр гузориш дод.

Камиссиюни Марказии Интихоботи Туркия бегоҳи 16 апрел пирӯзиро дар ин райъпурсии зиддунақиз, ки қудрати Эрдуғонро то соли 2029 тамдид мекунад, 51,3 дар сад эълон кард.

Натиҷаи пирӯзӣ ҳам таҷлил ва ҳам эътирозҳоро дар саросари Туркия ба бор овард.

Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Мардумӣ бозшумории 60 дар сади баргаҳои райъро талаб кард ва гуфт, 37 дар сади баргаҳоеро, ки шумурдаанд, ба ҷолиш мекашад.

Дар пайи эълони натиҷаи райъпурсӣ ноиби нахуствазири Туркия Меҳмед Шимшек гуфт, ки ҳеҷ интихоботи пеш аз муҳлат дар назар нест.

Тахмин мекунанд, ки Эрдуғон метавонад интихоботи нав эълон кунад то қудрати ҷадидаш дафъатан амалӣ шавад.

Видеоҳои охирин

"Барқи Тоҷик" ва "Талко" ба ҷойи фоида зарар дидаанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG