Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Туркия


Панҷ узви гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон, дар Туркия боздошт шудаанд. Мақомоти Туркия рӯзи 14 апрел гуфтанд, ки ин афрод барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар рӯзи баргузории референдуми он кишвар омодагӣ медиданд. Аз шаҳрванди Тоҷикистон ному насаб бурда нашудааст, вале баъзе аз расонаҳои Туркия бо такя ба қавли пулис гуфтанд, ӯ зимни амалиёти зиддитеррористӣ дар Истанбул дастгир шудааст. Мақомоти пулиси Туркия афзудаанд, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар гузашта дар минтақаҳои ҷангзада буда, ахиран ба Истанбул баргаштааст. Туркия рӯзи 16 апрели имсол барои тағйири Қонуни асосии он кишвар референдум ё раъйпурсӣ баргузор мекунад. Ин тағйирот дар сурати пазируфта шудан ба раиси ҷумҳури кунуниӣ Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳаққи эълони вазъияти фавқулода, таъини вазирону мақомоти дигари баландпоя ва пароканда кардани порлумонро медиҳад. Инчунин, бар асоси ин тағйирот, Эрдуғон метавонад, то соли 2029 дар сари қудрат бимонад. Раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, ислоҳи Қонуни асосӣ суботро таъмин хоҳад кард, вале мухолифонаш аз маҳдуд шудани озодиҳо нигаронанд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон соли 2014 ба мақоми раёсати ҷумҳури Туркия нишаста буд.

XS
SM
MD
LG