Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини се миллион евро ҷуброн ба хонаводаи қурбониёни Беслан


Додгоҳи Аврупо дар умури ҳуқуқи инсон Русияро вазифадор кард, ки ба хонаводаи қурбониёни теракти соли 2004-и Беслан се миллион евро ҷубронпулӣ пардохт кунад. Дар ҳамин ҳол, 88 ҳазор евро барои масрафҳои додгоҳӣ таъин шудааст. Қарори мазкур дар вебсайти додгоҳ нашр шуд.

Додгоҳ ҳамзамон чанд шикояти гуруҳи ташаббускори "Модарони Беслан"-ро ба баррасӣ гирифт. Шумори умумии шикоятҳо бештар аз 400 адад аст. Дар шикоятҳое, ки ба Додгоҳи Аврупо расидааст, пайвандони қурбоншудаҳо гуфтанд, мақомоти Русия уҳдадориашро дар мавриди ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон иҷро накардааст. Ҷаласаи нахустини додгоҳӣ соли 2014 барпо шуда буд.

Додгоҳи Аврупо қарор кард, ки мақомоти Русия уҳдадориашро дар самти пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ ба ҳаёти одамон иҷро накард ва ҳамла ба террористонро дар Беслан тавре ба роҳ намонд, ки талафоти инсон кам шавад.

Рӯзи 1 сентябри соли 2004 дар занги нахустини мактаби Беслан дар Осетияи Шимолӣ як гуруҳи мусаллаҳ 1128 одамро гаравгон гирифт. Гаравгонон се рӯз дар толори варзиш ва дигар утоқҳои мактаб нигаҳ дошта шуданд. Дар натиҷаи ҳамлаи мақомоти интизомии Русия 334 одам, ки 186 нафарашон кӯдак буданд, кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG