Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмат Оқилов "мехост ба Сурия равад


Шведсия - Мошине, ки бо он амали террористӣ содир шуд
Шведсия - Мошине, ки бо он амали террористӣ содир шуд

Марди узбактабор, ки дар содир кардани амали террористӣ дар Стокҳолм, пойтахти Шведсия муттаҳам мешавад, соли 2015 талош кард, ки ба гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ҳамроҳ шавад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи чаҳоршанбе бо такя ба манбаҳои амниятии Узбакистон гузориш дод.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатҳои хабаргузорӣ Раҳмат Оқилов баъди кӯч бастан ба Шведсия таҳти нуфӯзи гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" қарор гирифт. Ӯ соли 2015 дар марзи Туркия бо Сурия боздошт ва ҳамчун паноҳандаи Шведсия ба ҳамон кишвар истирдод шуд.

Моҳи феврали соли равон мақомоти Узбакистон Оқиловро бо иттиҳоми тундгароии исломӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд.

Ба маълумоти ҳамсӯҳбатҳои радиои "Экот"-и Шведсия Оқилов шахси мазҳабӣ набуд, аммо ба масҷиди пиноҳнии канораҳои пойтахт равуо дошт. Эҳтимоле вуҷуд дорад, ки Оқилов дар онҷо бо гумоштаҳои ДИИШ сӯҳбат мекард.

Рӯзи 7 апрел мошини боркаш ба сӯи тӯдаи мардум дар кӯчаи пиёдагарди Стокҳолом ҳаракат карда, чаҳор нафарро кушт ва 15 тани дигарро захмӣ кард. Аз рӯи ин парванда ду нафар боздошт шудаанд. Мошинро Раҳмат Оқилов идора мекард.

XS
SM
MD
LG