Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони ҳомии сулҳ ба озори ҷинсии кӯдакон муттаҳам мешаванд


Сарбози нерӯҳои ҳомии сулҳи Созмони Милали Муттаҳид
Сарбози нерӯҳои ҳомии сулҳи Созмони Милали Муттаҳид

Хабаргузории Associated Press рӯзи 12 апрел гузориши пажуҳишиеро нашр кард, ки аз ҷиноёти оммавии ҷинсӣ дар байни сарбозони ҳомии сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон дарак медиҳад. Ин гузориш ҳудудан 2 ҳазор мавриди шаҳватхоҳии сарбозонро ошкор кардааст, ки ба дастикам 300 кӯдак осеб расондаанд. Намояндагони СММ то ҳол ба ин гузориш вокуниш накардаанд.

Хабаргузории Associated Press Ҳайитиро мисол овардааст, ки дар он ҷо аз соли 2004 то 2007 беш аз 130 сарбози ҳомии сулҳ аз Шри-Ланка 9 кӯдакро ҳамвора мавриди истифодаи ҷинсӣ қарор доданд. 114 сарбоз бидуни ягон ҷазо ба хонаҳояшон баргаштанд. Хабаргузорӣ мегӯяд, ин маълумот дар гузориши СММ низ вуҷуд доранд, ки барои истифодаи дохили созмон таҳия шудааст. Associated Press. инчунин, сӯҳбати ҷабрдидаҳои ҷиноятҳои ҷинсиро нашр кардааст.

Муҷозоти нерӯҳои посдори сулҳ дар салоҳияти Созмони Милали Муттаҳид нест. Аз ин салоҳият танҳо кишварҳое бархӯрдоранд, ки шарҳвандонашон дар нерӯи посдори сулҳ хизмат мекунанд ва дар содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд.

Моҳи марти соли равон Дабири кулли СММ Антонио Гуттериш ба мубориза алайҳи зӯровариҳои ҷинсии сарбозони нерӯҳои посдори сулҳ даъват кард. Муаллифони гузориш мегӯянд, ки барои ҳалли ин мушкилот созишномаи вижа дар чаҳорчуби СММ зарур аст.

XS
SM
MD
LG