Алишер Усмонов – сарватманди узбактабори Русия – гуфт, мазраа ва ҳавлиеро, ки барои хоҳараш дар минтақаи Маскав харида буд, бо 12 гектар замини Бунёд (Фонд)-и “Тарҳи иҷтимоӣ”-и марбут ба нахуствазир Дмитрий Медведев иваз кардааст. Дар ин бора Усмонов бо нашрияи “Ведомости” рӯзи 11 апрел сӯҳбат кард.
Ба қавли Усмонов, 12 гектар замин дар “Рублевское шоссе”, воқеъ дар канораҳои рӯдхонаи Маскав, 50 миллион доллар арзиш дорад, ки ба нархи мазрааи чаҳоргектарии ӯ баробар аст. “Бунёди мубориза бо фасодкорӣ”-и Алексей Навалний нархи ин мазрааро 5 миллард рубл ҳисоб карда буд.
Алишер Усмонов гуфт, ӯ намедонад, ки нахуствазир Медведев ба ин ҳавлӣ сар мезанад ё не. Аммо тазаккур дод, ки Иля Елисеев, раҳбари Бунёди “Тарҳи иҷтимоӣ” ва ҳамкурси Медведев мехост, онро ба “хонаи намояндагӣ” табдил диҳад.
Ин сарватманд, инчунин, гуфт, андозсупорандаи Русия аст ва бахши бузурги сарвати худро дар амалиёти бозори хориҷии саҳҳом ба даст овардааст. Пеш аз ин, Усмонов қавл дод, ки “Бунёди мубориза бо фасодкорӣ”-и Навалнийро барои туҳмат ба додгоҳ мекашад.