Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи марзии Узбакистону Қирғизистон дар Намангон


Дар шаҳри Намангони Узбакистон гуфтушуниди ҳайатҳои Тошканду Бишкек дар робита ба масъалаҳои марзии ду кишвар идома дорад. Ин муколама 10 апрел оғоз ёфта, то 20 апрел давом хоҳад кард.

Бино ба хабарҳо, ин гуна музокирот дар сатҳи гуруҳҳои ҳукуматии ду кишвар ҳар моҳ баргузор мешавад. Аз моҳи августи соли 2016 то ҳол ҳайатҳои ду ҷониб аллакай 10 вохӯрӣ анҷом додаанд.

Узбакистону Қирғизистон 1 ҳазору 378 километр марзи муштарак доранд, ки 320 километри он то ҳол аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ борҳо ба баҳсу кашокаши сокинони ду кишвар сабаб гаштааст.

XS
SM
MD
LG