Миллиардери узбактабори Русия Алишер Усмонов аз болои муассиси Бунёди мубориза бо коррупсия ва мухолиф Алексей Навалний барои туҳмат ва нашри матолиби бадномкунанда ба додгоҳ шикоят мебарад. Усмонов дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС гуфт, умдатан ба хитобаҳои, ба қавли миллиардер, "дурӯғи Навалний" аҳамият намедод, вале ин бор ӯ "аз ҳад гузарондааст".
Усмонов афзуд, кори худро "қонунӣ ва шаффоф" анҷом медиҳад ва муассиси Бунёди мубориза бо фасод дар Русия ҳақ надорад, ки ӯро гунаҳкор кунад.
Ибтидои моҳи марти имсол Бунёди мубориза бо коррупсия натиҷаи таҳқиқотеро дар бораи дороиҳои сарвазири Русия Дмитрий Медведев нашр кард. Дар он гуфта мешавад, ки Алишер Усмонов ба сохтори марбути сарвазири Русия - "Сотсгоспроект" дар Рублёвское шоссе замин ва як хонаро ба маблағи 5 миллиард рубл "туҳфа" кардааст.
Бунёди Навалний пештар низ хост, то зидди Дмитрий Медведев ва Алишер Усмонов парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад. Дар пайи нашри таҳқиқот рӯзи 26 март тақрибан дар сад шаҳри Русия тазоҳуроти зиддикоррупсионӣ баргузор шуд.
Медведев бори нахуст, рӯзи 4 апрел ин таҳқиқотро шарҳ дода, онро "сафсата" номид. Думаи давлатӣ низ гуфт, дар робита ба фаъолияти сарвазири Русия тафтиши порлумониеро анҷом нахоҳад дод.