Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таронаи президент гимни бозиҳои Осиё - 2017 интихоб шуд. ВИДЕО


Таронаи президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов "Ба пеш, ба пеш, танҳо ба пеш, Туркманистони азиз!" гимни бозиҳои Осиё-2017 интихоб шуд. Тавре расонаҳои расмии Туркманистон хабар медиҳанд, интихоби суруд рӯзи 8 апрел дар ҷаласаи ҳукумат доир шудааст.

Бердимуҳаммадов дар консерти таронаҳои туркманиву хориҷӣ дар минтақаи истироҳатии Аваз 7 апрел ин сурудашро сароид.

Бори аввал таронаи мазкур моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Марв муаррифӣ шуда буд. Он замон суруди мазкурро бо як нафас ва ҳамзамон бештар аз 4 ҳазор одам қироат кард. Ин ҳодиса ҳамчун рекорди ҷаҳонӣ сабт шуда, шомили Китоби рекордҳои Гиннес низ гашт.

Бозиҳои осиёӣ дар Туркманистон моҳи сентябр баргузор мешаванд.

Таронаи президенти Туркманистон гимни бозиҳои Осиё-2017 шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

XS
SM
MD
LG