Малола Юсуфзайи 19-сола – ҷавонтарин барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел – қосиди сулҳи Созмони Милали Муттаҳид шудааст. Антонио Гуттереш, дабири кулли СММ, рӯзи 8 апрел гуфт, ки маъракаи расмии муаррифии Малола ба ҳайси қосиди сулҳ рӯзи 10 апрел сурат мегирад. Малола баъд аз мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифтан дар соли 2012 маъруф шуд. Вай барои дастрасии духтарон ба таҳсил дар Покистон талош мекард. Малола дар пайи ин ҳамла шадидан маҷрӯҳ шуд, вале пас аз табобат дар Бритониё ҷон ба саломат бурд ва феълан дар онҷо ба сар мебарад. Ҳоло ӯ барои таъмини дастрасии духтарон ба таҳсил ба гӯшаҳои ҷаҳон сафар мекунад. Ин талошҳои ӯ боиси ба даст овардани Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2014 шуданд. Антонио Гуттереш гуфтааст, “ҳатто дар рӯёрӯӣ бо хатарҳои бузург, Малола Юсуфзай барои ҳуқуқи занон, духтарон ва тамоми мардум тааҳҳуд нишон додааст.” “Фаъолиятҳои ӯ дар ростои таҳсили духтарон ба одамони зиёд дар ҷаҳон нерӯ додааст. Ҳоло Малола, ҷавонтарин “қосиди сулҳ”-и мо метавонад барои сохтани ҷаҳони сулҳомез кори бештар кунад”, - таъкид кардааст дабири кулли Созмони Милал.