Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Туркманистон ду муовини сарвазирро аз кор озод кард


Муовини сарвазири Туркманистон Яхшикелдӣ Какаев.
Муовини сарвазири Туркманистон Яхшикелдӣ Какаев.

Президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи чаҳоршанбе ҳамзамон ду муовини сарвазири Туркманистонро, ки бахши нафту газ ва кишоварзии ин кишварро назорат мекарданд, аз кор озод кард. Муовинони сарвазири Туркманистон баъди шунидани гузориши аъзои ҳукумат дар бораи рушди ҳамаҷонибаи иқтисоди миллии ин кишвар барканор шуданд.

Муовини сарвазири Туркманистон Яхшикелдӣ Какаев, ки аз рафти корҳо дар бахши саноати нафту газ гузориш медод, гуфт, нақша бокомёбӣ иҷро гашта, аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ истихроҷи нафту газ 109% ва коркарди нафт 105% ба роҳ монда шудааст. Ба иттилои расмӣ, президент Бердимуҳаммадов ин нишондодҳоро, ки аз рушди устувори иқтисоди Туркманистон дарак медиҳанд, шарҳ надода, дар посух аз фаъолиятҳо дар баъзе аз самтҳо норозигӣ баён кард.

Бердимуҳаммадов бо ишора ба заъфи назорат дар иҷрои "Барномаи рушди саноати нафту гази Туркманистон то соли 2030" Какаевро аз кор озод намуд. Бо қарори президенти Туркманистон ба зиммаи Какаев вазифае оид ба тарҳрезии хати лӯлаҳои газ аз кони "Галкиниш" вогузор хоҳад шуд. Дар ҷаласаи 5 апрели ҳукумати Туркманистон ҳамроҳ бо Какаев муовини сарвазир оид ба масъалаҳои кишоварзӣ Раҷаб Бозоров низ барканор шуд. Бердимуҳаммадов гуфт, ки фаъолияти Бозоров дар ин бахш қонеъкунанда нест ва ӯ бояд ба кори дигар гузаронда шавад.

XS
SM
MD
LG