Ба иттилои расонаҳои расмии Қазоқистон, президент Нурсултон Назарбоев қонуни қабули протокол дар бораи қатъи созишномаеро, ки бар пояи он Русия тамрингоҳи низомии Эмбаро иҷора гирифта буд, имзо кард.
Бар пояи ин протокол, беш аз 300 ҳазор гектар замини ба иҷора гирифтаи Русия дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон, ки ҳамчун тамрингоҳи низомӣ истифода мешуданд, баргардонида мешавад.
Тамрингоҳи мудофиаи зиддиҳавоии Эмба соли 1960 дар 200 километрии Оқтеппа боз шуда буд.