Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ барои ширкат дар нишасти марбут ба мавзӯи амният ва нақши занон дар ҷомеа ба Австралия сафар кард. Нахуствазири ин кишвар Малколм Тӯрнбулл рӯзи 3 апрел гуфт, ки сафари нахустини президенти Афғонистон ба Австралия баёнгари равобити қавии миёни ду кишвар аст. Дар ин сафар Ғанӣ ҳамчунин бо генерал-губенатори Австралия Питер Косгрове дидор карда дар муҷтамаи қурбониёни ҷанги Австралия гулгузорӣ кунад.
Сафари Ғанӣ то 5 апрел идома меёбад. Баъди оғози ҷанги нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ зидди Толибон дар соли 2001 дар Афғонистон дасти кам 41 сарбози Австралия кушта шудаанд. Тӯрнбулл гуфт, ки дар ҷараёни мулоқоташ бо президенти Афғонистон дар масъалаҳои амният ва роҳҳои тавсеаи ҳамкории байни ин ду кишвар тамаркуз мекунад, то Афғонистон тавонад дар оянда ба як кишвари “шукуфо, амн ва худкифо” табдил шавад.