Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА дар СММ: Трамп зидди Русия иқдом хоҳад кард


Сафири ИМА дар СММ гуфт, ки баъди анҷоми таҳқиқи қазияи дахолати Русия ба интихоботи президентии кишвараш, Доналд Трамп аз ҳама гуна иқдоми шадид нисбати Русия пуштибонӣ хоҳад кард. Никкӣ Ҳейлӣ дар сӯҳбат бо телевизиони ABC рӯзи 2 апрел гуфт, “ҳеҷ кишварро иҷозат намедиҳем, ки ба маъракаҳои мо дахолат кунанд”. Вай гуфт, ки дар вуҷуди дахолати Русия дигар шубҳае нест.

Вай гуфт, ки ҳарфҳои сахти ӯ дар нисбати Русия бо изҳороти қаблии Доналд Трамп дар ихтилоф нест, ки талош кардааст шиддати моҷарои марбут ба дахолати Русияро паст кунад. Вай гуфт, ки ҳеҷ гоҳ Трамп ӯро барои интиқодаш аз Русия ҳарфе нагуфтааст.

Оҷонсиҳои истихборотии ИМА гуфтанд, ки Русия ба хотири кӯмак ба пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 дар ин ҷараён дахолат кардааст. Трамп гуфтааст, ки ба рахна шудани имейлҳои сангари демократҳо дар ҷараёни интихобот бовар дорад, вале ин дахолат ба натиҷаҳои раъйдиҳӣ таъсир накардааст.

XS
SM
MD
LG