Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи порлумонии Сербистон бо натиҷаҳои маълум


Александр Вучич бо духтараш дар рӯзи раъйдиҳӣ дар рӯзи 2-уми апрел.
Александр Вучич бо духтараш дар рӯзи раъйдиҳӣ дар рӯзи 2-уми апрел.

Дар Сербистон интихоботе идома дорад ва ғолибан ҳукумати нахуствазир Александр Вучичро тақвият мебахшад, ки саъй дорад, ҳамкориҳои кишвараш бо Иттиҳодияи Аврупо ва Русияро дар як тавозуне нигаҳ дорад. Ҳизби Пешрафти Александр Вучич аз тамоми 10 рақибаш пешсаф аст ва ба эҳтимоли ғолиб дар даври аввали интихобот пирӯз мешавад.

Агарчӣ натиҷаи интихоботи рӯзи 2-уми апрел аз ҳоло маълум аст, вале роҳи пешгирифтаи ҳукумати Александр Вучичи 46-сола возеҳ нест, ки кишварашро дар дуроҳае байни Русия ва Иттиҳодияи Аврупо қарор додааст. Робитаҳои Сербистон, як бахши Югославияи собиқи ҷангзада бо дигар ҷумҳуриҳои собиқ сард аст. Сербистон бо вуҷуди гузашти як даҳсола аз эъломи истиқлол кардани Косово, ин кишварро ба расмият намешиносад.

Александр Вучич, ки дар гузашта як миллатгарои ашаддӣ буд, соли 2008 аз ҳаммаслакони ифротгарояш ҷудо шуд ва Ҳизби Пешрафтро ташкил кард. Ӯ қавл додааст, ки Сербистонро то соли 2019 ба ҳайати Иттиҳодияи Аврупо ҳамроҳ мекунад. Айни замон ӯ дар замони вазириаш дар аҳди Слободан Милошевич, раиси ҷумҳури собиқи Сербистон бо гуфтӯгуҳои пайваста, ҳамкориҳои низомӣ ва иқтисодии кишварашро бо Русия наздик кард.

XS
SM
MD
LG