Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде дар Ӯзбакистон барои қарзи газ худро оташ задааст


Сокини 47-солаи ноҳияи Турақӯрғони вилояти Намангон -- А. А. дар пайи баҳси қарздорияш худро оташ зада, дар беморхона ҷон додааст. Ҳамсояҳояш мегӯянд, ин мард барои он худро оташ задааст, ки кормандони ширкати газ қарзи зиёдеро ба гарданаш бор кардаанд.

Ба гуфтаи яке аз ҳамсояҳо, А.А. ба сару рӯяш бензинро пошида, худро дар анбори манзили зисташ оташ задааст. "Ҳамсари ӯ чун доду фарёдро мешунавад ба анбор давида меояд ва мебинад, ки шавҳараш сӯхта истодааст. Зан талош мекунад, ки оташро хомӯш кунад, вале алангаи он ба ӯ низ мечаспад. Дар натиҷа ҳамсояҳо ҳамроҳи фарзандони хонавода оташро хомӯш мекунанд", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

А.А ҷойи кори муайян надошт ва чаҳор писару як духтарро ба воя мерасонд. Ҳамроҳи ӯ ҳамсараш низ дар шифохона бистарӣ шудааст. "Вале вазъаш муътадил аст ва ҳоло мо ба ӯ ёрии тиббӣ мерасонем", - гуфт табиби бемористони марказии Турақӯрғон. Дар робита ба марги ин сокини Турақӯрғон парвандаи ҷиноӣ бо модаи "Расонидан ба худкушӣ" боз шудааст.

Як мансабдори маҳаллии Турақӯрғон мегӯяд, бар пояи яке аз фарзияҳо, А.А. дар пайи баҳсе бо корманди ширкати газ худро оташ задааст. "Онҳо ба гардани ӯ 2 миллион сӯм (наздики 260 доллар)-ро бор кардаанд.Ба ҷуз ин, кормандони ширкат дар манзили ӯ дастгоҳи газкашро пайдо карда, ба додситонӣ хабар додаанд. Ин ҳамаро ба кормандони додситонӣ ҳамсараш гуфтааст", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG