Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Тиллерсон бо Эрдуғон


Котиби департаменти давлатии ИМА Рекс Тиллерсон бо ҳададфи баррасии мавзӯи мубориза бо гурӯҳи шӯришии “Давлати исломӣ” вориди Туркия шуд. Департаменти давлатӣ гуфт, ки рӯзи 30 март қарор аст дар Анкара музокироти Тиллерсон бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва мақомоти дигари баландпояи ҳукумати ин кишвар баргузор шавад. Дар ин мулоқот роҳҳои “мағлубсозии гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ баррасӣ мешавад.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки ИМА ба нақши муҳими кишварҳои узви эътилофи НАТО ва ҳам Туркия дар ин мубориза таъкид хоҳад кард. Анкара аз Вашингтон даъват дорад, ки барои зери назорат даровардани пойгоҳи аслии ҷангиён – шаҳри Раққа талошу нирӯи бештар равона кунад.

Хости Туркия ин аст, ки аз ин амалиёт размандагони курди Сурия берун карда шаванд, дар ҳоле, ки онҳоро ИМА пуштибонӣ мекунад. Дар ин музокирот ҳамчунин дархости истирдоди рӯҳонии маъруфи турк Фатҳулло Гюлен ҳам матраҳ мешавад. Туркия ӯро созмондиҳандаи кудатои нокоми соли гузашта меномад, вале Гюлен ин иттиҳомотро ҳамеша рад кардааст.

XS
SM
MD
LG